Январ 05, 2019 15:01 Asia/Dushanbe
  • Инфиҷори бомба дар Пешовари Покистон

Бар асари инфиҷори бомбаи ҷосозишуда дар як мошин дар шаҳри Пешовар, маркази иёлати Хайбар Пахтунхоҳ (шимоли ғарби Покистон), дастикам чаҳор нафар захмӣ шуданд.

Ба гузориши ИРНА, мақомоти полиси шаҳри Пешовар эълом карданд, ин инфиҷор субҳи имрӯз - шанбе дар минтақаи Колибории ин шаҳр ба вуқуъ пайваст, ки боиси ворид шудани хисорат ба фурӯшгоҳҳо ва чанд дар хонаи маскунӣ низ шудааст.

Пас аз вуқӯи инфиҷор полис, нерӯҳои амниятӣ ва нерӯҳои имдодӣ дар маҳалли ҳодиса ҳузур ёфта ва пас аз интиқоли захмиҳо ба бемористон, баррасии бештар дар хусуси ин инфиҷорро оғоз кардаанд.

То кунун фард ё гурӯҳе масъулияти ин инфиҷори террористиро бар ӯҳда нагирифтааст.

Хайбар Пахтунхоҳ аз иёлатҳои ноамни Покистон ба шумор меравад, ки гурӯҳҳои террористӣ, аз ҷумла Толибон, Ҷамоат Алаҳрор ва Сипоҳи Саҳоба дар он фаъол ҳастанд.

 

Барчасп