Туркманистон раиси ҷадиди ИДМ дар соли 2019
(last modified Sat, 05 Jan 2019 14:47:14 GMT )
Январ 05, 2019 19:47 Asia/Dushanbe
  •  Туркманистон раиси ҷадиди ИДМ дар соли 2019

Туркманистон раёсати Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил(ИДМ)-ро дар соли 2019 бар ӯҳда гирифт.

Ба гузориши хабаргузории Форс, тасмим дар бораи раёсати Туркманистон бар ИДМ дар соли 2019 дар нишасти раисони ҷумҳури кишварҳои узви ин ниҳод моҳи сентябри соли 2018 дар шаҳри Душанбе гирифта шуд.

Тибқи ин тасмим, нишасти баъдии Шӯрои раисони ҷумҳурии ИДМ дар таърихи 11 октябри соли 2019 дар шаҳри Ашқобод баргузор мешавад.

Ҳамчунин дар пойтахти Туркманистон дар охири моҳи майи имсол нишасти нахуствазирони кишварҳои ИДМ баргузор мешавад.

Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раисиҷумҳури Туркманистон таъкид кардааст, ки густариши ҳамкориҳои мутақобил дар чорчӯби ИДМ дар авлавияти сиёсати хориҷии Туркманистон қарор дорад.

Туркманистон узви ҳамкори ИДМ мебошад, ки барои ин кишвар имкони ширкат накардан дар бархе тарҳҳо фароҳам мекунад.

Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил пас аз фурӯпошии Шӯравии собиқ шакл гирифт.