Январ 05, 2019 21:16 Asia/Dushanbe
  • Худдории Толибон аз ҳузур дар Арабистон барои гуфтугӯҳои сулҳ

Сухангӯи Толибон эълом кард, ки ин гурӯҳ барои баргузории нишасти сулҳи Афғонистон дар Арабистон тавофуқе накардааст, бино бар ин дар Ҷидда бо намояндагони Амрико музокира намекунад.

Ба гузориши хабаргузории Тасним, пас аз музокироти чандҷонибаи Толибон бо мақомоти Амрико дар Абу Забӣ қарор шуд, ки даври баъдии ин музокирот ба мизбони Арабистон дар шаҳри Ҷидда баргузор шавад.

Аммо Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи Толибон ба шабакаи Тулӯ нюз гуфт, Толибон барномае барои баргузории нишасти сулҳ дар Арабистони Саудӣ надоштааст, аммо музокироти ин гурӯҳ бо Амрико идома хоҳад ёфт.

Вай таъкид кард, Толибон ба зуддӣ дар бораи нишасти баъдӣ бо Амрико тасмим хоҳад гирифт ва ҷузиёти онро дар ихтиёри расонаҳо хоҳад гузошт.

Ҳафтаи гузашта расонаҳо аз даври баъдии музокироти чандҷонибаи Толибон бо Амрико бо ҳузури намояндагоне аз Покистон, Иморот ва Арабистон дар шаҳри Ҷидда хабар доданд, аммо зоҳиран талоши ин кишварҳо барои кашондани Толибон пои мизи музокирот бо давлати Афғонистон шикаст хӯрдааст.

Пеш аз ин давлати Афғонистон эълом карда буд, дар сурате, ки Толибон аз дидор бо давлати Афғонистон худдорӣ кунад, давлати Кобул низ ҳайатеро ба нишасти Ҷидда эъзом нахоҳад кард.

Дар ҳамин ҳол, сухангӯи вазорати хориҷаи Эрон ҳафтаи гузашта аз музокираи ҳайате аз Толибон бо ҳайати эронӣ дар Теҳрон дар рӯзи 30 декабр хабар дод.

Муовини вазири умури хориҷаи Эрон рӯзи панҷуми декабр гузорише аз ин музокиротро дар Кобул, ба иттилои раисиҷумҳури Афғонистон расонд.