Январ 07, 2019 10:31 Asia/Dushanbe
  • Намози субҳ сабаби наҷоти ҷони 8 нафар аз фоҷиа

Як шаҳрванди 23 солаи Узбекистон, ки дар бинои истиқоматии чанд рӯз қабл вайрон шуда дар шаҳри Магнитогорскии Русия ба нияти хондани намози субҳ истода буд, муваффақ ба наҷоти ҷони 8 нафар аз сокинони ин бино шудааст.

Ба гузориши хабаргузории Спутник, Алан Абдуллоев, шаҳрванди Узбекистон гуфтааст, ки субҳи рӯзи ин ҳодиса ба нияти намоз истода буд, ки садои таркишро шунида ва ба берун меояд ва бо мушоҳидаи вайрон шудани бахшҳое аз ин бинои истиқоматӣ, 8 нафар аз сокинони гирифторро наҷот медиҳад.

Алан Абдуллоев мегӯяд: “Ман ба наҷотдиҳандагон нишон медодам, ки дар куҷо одамонро дидам. Ва онҳо ба ҳамон ҷо рафта, дар ҷустуҷӯи одамон мешуданд”. Аммо ин шаҳрванади Узбакистон мӯътақид аст, ки вазифаи инсонии худро анҷом дода ва ҳеҷ кори ғайри оддие накардааст. Вай 8 сол аст, ки дар Русия дар бахши сохтумонсозӣ фаъолият мекунад ва қасд дорад тобеияти ин кишварро ба даст оварад.

Абдуллоев мӯътақид аст, ки маҳз намози субҳ сабаб шуд, ки вай ва теъдоде аз сокинони ин бинои истиқоматиро аз фоҷиаи таркиш наҷот диҳад.

Субҳи 31 декабр дар Магнитогорск дар пайи таркиши газ яке аз биноҳои баландошёна фурӯ рафт.

Мақомоти Русия эълом карданд, ки дар пайи ҳодиса 39 тан ба ҳалокат расида, даҳҳо нафар маҷрӯҳ шуданд.

Дар ин фоҷиа 4 шаҳрванди Тоҷикистон низ мутаассифона ҷони худро аз даст доданд. Рӯзи 6 январ ҷасади модар ва се фарзандаш ба ноҳияи Кушониёни вилояти Хатлони Тоҷикистон равон карда шуд.

 

Барчасп