Ҳалокати беш аз 200 террорист дар даргирӣ байни террористҳои такфирии Сурия
(last modified Mon, 07 Jan 2019 06:49:38 GMT )
Январ 07, 2019 11:49 Asia/Dushanbe
  • Ҳалокати беш аз 200 террорист дар даргирӣ байни террористҳои такфирии Сурия

Дар пайи ташдиди даргириҳои мусаллаҳонаи террористҳои такфирӣ бо якдигар дар ҳумаҳои Идлиб ва Ҳалаб 200 нафар аз унсурҳои дутараф ба ҳалокат расиданд ва садҳо тани дигар низ захмӣ шудаанд.

Ба нақл аз шабакаи телевиззионии Алахборияи Сурия; даргириҳои дохилии байни гуруҳи террористии мавсум ба "Ҷабҳаи озодибахши миллӣ" ва террористҳои мавсум ба "Ҳайъати таҳрирушшом"  вобаста ба Ҷабҳатан Нусра аз якуми январ оғоз шуда ва ҳар як аз гуруҳҳои террористӣ талош мекунад нуфузи худро дар минтақаҳои шимолӣ афзоиш диҳад.

Бар асоси ин гузориш ҷасадҳои даҳҳо террорист ҳамчунон дар атрофи ҷоддаи байналмиллалии Маъратал  Нуъмон-Сароқиб бар руи замин мондааст.

Пештар гуруҳаки террористии "Нуруддин Аззанкӣ" вабаста ба гуруҳи террористии мавсум ба "Ҷабҳаи миллии озодибахш" ва мавриди ҳимояти Туркия дар паи шикастҳои ахир аз террористҳои "Ҷабҳатан Нусра" инҳилоли худро эълом кард.

Бино бар эъломи расонаҳои наздик ба террористҳо ихтилофоти дохилӣ байни унсурҳои боқимондаи ДИИШ дар охирин махфигоҳҳои худ дар Сурия бар сари таслимшудан ё нашудан ташдид шудааст.