Январ 07, 2019 12:36 Asia/Dushanbe
  • Намояндаи мусулмони Амрико боиси лағви қонуни 181 сола шуд

Намояндаи мусулмони Амрико, ба руёруии қонуни 181 солае рафт, ки истифода аз кулоҳ ва пушиш бар сарро манъ мекард.

Ба нақл аз торнамои Time, Илҳан Умар намояндаи мусулмони демократи иёлати Мина Сута дар маҷлиси намояндагони Амрико, тарҳе ироа кард, ки қонуни манъи пушиши сарро бо афзудани "як калима" ислоҳ кард.

Бар асоси ин гузориш, намояндагон дар ин тарҳ, ки бо 234 овози мувофиқ ва 197 овози мухолиф ба тасвиб расид хостори он шудаанд, то пушиши ғайри мазҳбӣ бар сар набошад.

Намояндаи мусулмони иёлати Мина Сута пас аз тасвиби ин тарҳ дар Твитер навишт, ба интизори рӯзе аст, ки дастури иҷроии Доналд Трамп раиси ҷумҳури Амрико дар хусуси манъи муҳоҷират аз кишварҳои мусулмон ҳам лағв шавад.

Тасвиби ин тарҳ дар шароите анҷом шуд, ки Доналд Трамп ва бархе аз мақомоти баландпояи Кохи Сафед, руйкарде исломситезона доранд.

Илҳан Умар бо ҳифзи ҳиҷоб, рақиби ҷумҳурихоҳи худро, ки ҳимоятҳои давлатро ҳам дошт дар рақобатҳои интихоботӣ пушти сар гузошт.

14 сентябри 1837 дар маҷлиси намояндагони вақти Амрико, қонуне тасвиб шуд, ки ҳар узви конгира набояд дар саҳни маҷлис сари худро бипушонад.

Барчасп