Январ 09, 2019 19:13 Asia/Dushanbe
  • Эрдуғон мушовири амнияти миллии Трампро таҳқир кард

Мушовири амнияти миллии Амрико, ки натавонист бо раисҷумҳури Туркия дидор кунад, дасти холӣ Анкараро тарк кард.

Сафари Ҷон Болтон, мушовири амнияти миллии Трамп ба Туркия бидуни касби як дастоварди мушаххаси сиёсӣ сешанбе поён ёфт ва мушовири амнияти миллии кобинаи Трамп, ки раисҷумҳури Туркия ӯро ба ҳузур напазируфт, таҳқир шуда маҷбур ба тарки хоки Туркия шуд.  

Дар ҳамон рӯзе, ки Болтон озими Анкара шуд, Раҷаб Тайиб Эрдуғон дар суханоне дар Парлумони Туркия ҳамлаи тундеро мутаваҷҷеҳи сиёсатҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико кард.  

Эрдуғон дар вокуниш ба суханони ҳушдоромези Ҷон Болтон дар бораи хатари эҳтимолии ҳамлаи низомии Туркия ба курдҳои Сурия, ин суханонро иштибоҳе бузург тавсиф карда ва гуфт: “Болтон муртакиби иштибоҳе бузург шудааст. Мо наметавонем ба касоне, ки дар дохили долони террористии Сурия қарор гирифтаанд, хушбовар бошем. Мо ба онҳо посух хоҳем дод”.

Болтон сооте пеш аз вуруд ба Туркия дар суханоне дар Исроил, ба Анкара дар бораи ҳамлаи эҳтимолӣ ба курдҳои Сурия ҳушдор дода буд ва таъкид карда буд, курдҳо муттаҳиди Амрико ҳастанд.

Болтон гуфта буд, нерӯҳои низомии Амрико то замоне, ки итминон ҳосил накунанд, ки артиши Туркия ба курдҳои Сурия ҳамла нахоҳад кард, дар Сурия мемонанд.