Подшоҳи Урдун роҳруби пойтахтро ғофилгир кард+акс
Яке аз роҳрубҳои пойтахти Урдун, ки бо интишори аксаш дар як рӯз маъруф шуда буд, дидори тимҳои миллии кишвараш ва Сурияро дар канори подшоҳ тамошо кард.
Ба гузориши пойгоҳи хабарии шабакаи Алолам, Малик Абдуллоҳи дуввум шоҳи Урдун барои дидани мусобиқаи Урдун ва Сурия мизбони Холид аш-Шумлӣ як коргари шаҳрдорӣ буд.
Холид аш-Шумлӣ роҳруби урдунӣ, ки ба хотири шароити молӣ ё тааҳҳудоти корӣ, бозии тимҳои Урдун ва Австралияро аз пушти шишаи як мағоза тамошо мекард, мусобиқаи баъдии тими кишварашро, ки рӯзи панҷшанбе дар баробари Сурия баргузор шуд, дар кохи раёсати ҷумҳурӣ ва ба мизбонии Малик Абдуллоҳи дуввум ва Ҳусайн ибни Абдуллоҳи дуввум фарзанди ӯ тамошо кард.
Тасвири ин роҳруби шаҳрдорӣ дар фазои маҷозӣ даст ба даст чархид, то подшоҳи Урдун низ онро дид ва аз Холид аш-Шумлӣ даъват кард, то барои тамошои бозии Урдун ва Сурия ба кохи шахсиаш биравад.
Тими Урдун дар баробар Сурия бо натиҷаи 2 бар сифр ба пирӯзӣ расид.