Январ 11, 2019 17:52 Asia/Dushanbe
  • Охирин раиси маҷлиси Шӯравӣ даргузашт

Анатолий Лукянов, ки дар ду соли охири умри Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии собиқ раиси парлумони он буд, дар сини 88-солагӣ дар Маскав даргузашт.

Ба гузориши ИРНА, Анатолий Лукянов бар асари бемории қалбӣ ва пирӣ дар бемористони марказии Маскав даргузашт ва қарор аст рӯз шанбе ба хок супурда шавад.

Анатолий Лукянов дар соли 1990 ба ҷойи Михаил Горбачев, ки дар интихобот ба мақоми раиси ҷумҳурии Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ расид, раиси шӯрои олии (парлумон) Шӯравӣ шуд.

Вай дар ибтидо тарафдор ва дӯсти Горбачев раис ҷумҳурӣ Шӯравӣ буд, аммо сипас мухолифи сарсахти ӯ шуд.

Анатолий Лукянов аз август то моҳи октябри соли 1992 ба иттиҳоми ҳимоят аз кудато алайҳи ҳукумати Горбачев дар боздоштгоҳи Матросская Тишина дар Москва зиндонӣ буд.

Анатолий Лукянов се моҳ пеш аз фурӯпошии Шӯравӣ, яъне дар моҳи октябри соли 1991 аз мақоми раиси маҷлиси олии Шӯравӣ барканор шуд.

Вай дар соли 1992 шомили афв шуд ва аз соли 1993 то 2003 бо ҳимояти ҳизби коммунисти Русия, намояндаи маҷлиси Думаи Русия боқӣ монд.

Анатолий Лукянов унвони доктори ҳуқуқро соли 1979 гирифт ва то соли 2004 низ устоди донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Ломоносов (МГУ) буд.

Ин сиёсатмадори Шӯравии собиқ муаллифи 350 асари илмӣ ва чанд китоб аст, ки «Оё августи соли 91 як тавтиа буд?» машҳуритарин асари ӯ ба ҳисоб меояд.