Сентябр 14, 2016 17:52 Asia/Dushanbe
  • Оғози ҳафтодуякумин нишасти Маҷмаи умумии Созмони Милал

Ҳафтодуякумин нишасти Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид рӯзи сешанбе дар шаҳри Ню-Йорки Амрико оғоз шуд.

Раёсати нишасти маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳидро Питер Томсон, намоянда кишвари Фиҷи дар ин созмон бар ӯҳда дорад.

Бар асоси ин гузориш, аҳдофи тавсиаи пойдор, фақр, гуруснагӣ ва муҳофизат аз муҳити зист, аз ҷумлаи мавзӯъҳое аст, ки дар нишасти солиёнаи Маҷмаи умумӣ ба онҳо пардохта хоҳад шуд.

Ҳасани Рӯҳони - раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон низ дар нишасти солиёнаи Маҷмаи умумӣ ширкат хоҳад кард.