Январ 13, 2019 21:04 Asia/Dushanbe
  • Режими саҳюнистӣ масъулияти таҷовуз ба Сурияро пазируфт

Нахуствазири режими саҳюнистӣ эълом кард: Исроил масъулияти ҳамлаи ҳавоӣ ба Фурӯдгоҳи байналмилалии Димишқро бар уҳда мегирад.

Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ эълом кард: Нерӯи ҳавоии Исроил дар шомгоҳи ҷумъа ба чандин ҳадаф дар Фурӯдгоҳи байналмилалии Димишқ ҳамла кардааст.

Нетаняҳу муддаӣ шуд: Исроил токунун садҳо бор ба мавозеи нерӯҳои Ҳизбуллоҳ ва аҳдофи дигаре дар Сурия ҳамла кардааст.

Пеш аз ин, Гади Эйзенкот, раиси ситоди муштараки артиши Исроил низ дар мусоҳибае бо Ню-Йорк Таймз ба таҷовузи мукаррари артиши ин режим ба Сурия эътироф карда буд.

Хабаргузории расмии Сурия (САНА) бомдоди шанбе гузориш дод: Фурӯдгоҳи байналмилалии Димишқ ҳадафи ҳамлаи чанд мушаки ҷангандаҳои режими саҳюнистӣ қарор гирифтааст.

 

Барчасп