Свараҷ: Чобаҳор қобили эътимодтарин масири тиҷорӣ дар минтақа аст
https://parstoday.ir/tg/news/world-i40938-Свараҷ_Чобаҳор_қобили_эътимодтарин_масири_тиҷорӣ_дар_минтақа_аст
Вазири хориҷаи Ҳинд гуфт, бандари Чобаҳори Эрон (ҷануби шарқи Эрон) қобили эътимодтарин масири тиҷорӣ барои интиқоли коло ба Афғонистон ва дигар кишварҳои минтақа аст.
(last modified 2025-09-23T13:20:16+00:00 )
Январ 13, 2019 21:48 Asia/Dushanbe
  • Свараҷ: Чобаҳор қобили эътимодтарин масири тиҷорӣ дар минтақа аст

Вазири хориҷаи Ҳинд гуфт, бандари Чобаҳори Эрон (ҷануби шарқи Эрон) қобили эътимодтарин масири тиҷорӣ барои интиқоли коло ба Афғонистон ва дигар кишварҳои минтақа аст.

Сушма Свараҷ дар Нишасти вазирони хориҷаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҳинд, ки якшанбе бо мушорикати Афғонистон дар Самарқанди Узбакистон баргузор шуд, афзуд, бандари Чобаҳор беҳтарин улгуи мушорикат миёни се кишвари Ҳинд, Афғонистон ва Эрон барои пушти сар гузоштани мавонеъ дар расидан ба аҳдоф маҳсуб мешавад.

Вай бо ишора ба талошҳои Эрон, Ҳинд ва Афғонистон барои тавсеаи бандари Чобаҳор афзуд, Ҳинд аввалин маҳмулаи гандуми худро аз тариқи бандари Чобаҳор ба Афғонистон ирсол кард ва муътақид аст, эҷоди масирҳои иртиботии бештар боиси таҳаққуқи шукуфоии зарфиятҳои мавҷуд дар минтақа хоҳад шуд.

Нишасти вазирони хориҷаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҳинд бо ибтикори Ҳинд аз 2012 шакл гирифт ва ҳар сол якбор баргузор мешавад.