Январ 14, 2019 15:08 Asia/Dushanbe
  • Эътироз ба номзадии намояндаи парлумони Канада барои дарёфти Ҷоизаи Нобел

Ҷамъе аз конодоиҳо дар номаи электронӣ, ба номзадии намояндаи парлумони Канада барои дарёфти ҷоизаи сулҳи Нобнл эътироз карданд.

Ба гузориши ИРНА, эрониёни муқими Канада бо имзои номае аз Кумитаи норвегияии сулҳи Нобел хостанд, аз муаррфии Irwin Cotler, вазири собиқи додгустарӣ ва узви кунунии Маҷлиси Канада барои номзади ҷоизаи сулҳи Нобел сарфиназар кунад.

Бар асоси ин гузориш, Cotler дар ҳайати мушовирини «иттиҳод алайҳи Эрони ҳастаӣ», ба шиддат кӯшид то тавофуқи ҳастаии Эрон мавсум ба БАРҶОМ-ро тахриб кунад.

Имзокунандагони ин номаи эътирозӣ таъкид карданд, ки Cotler аз замони имзои БАРҶОМ дар соли 2015 токунун алайҳи ин тавофуқ ҳастаӣ, ройзанӣ карда ва бахше аз ройзаниҳо дар Конгресси Амрико барои мухолифат кардан бо ин тавофуқ будааст.

Имзокунандагони ин нома ёдовар шуданд, ки Cotler давлати Амрикоро таҳти фишор қарордод, то тааҳҳудоти худ дар БАРҶОМ-ро риоят накарда ва таҳримҳои бештареро алайҳи Эрон ҷорӣ кунад.

Дар ин нома таъкид шудааст, Cotler аксар аз мавқеияти худ барои ҷилавгирӣӣ аз тасмими ҳизби худ ва давлат дар маҳкум кардани нақзи қавонини байналмилалӣ ва нақзи ҳуқуқи башари фаластиниҳо аз сӯи режими саҳюнистӣ истифода кардааст.

Бар асоси ин гузориш, Cotler ҳамчунин дар соли 2012 муҳраи маркази лобии ҳазфи номи гурӯҳи террористии мунофиқин, аз феҳрасти созмонҳои террористӣ дар Канада будааст.

Кумитаи Ҷоизаи Нобел, Ҷоизаи Нобелро дар 10 декабри ҳарсол дар Осло, пойтахти Норвегия дар панҷ ришта, шомили сулҳ, химия, физик, пизишкӣ ва адабиёт, ба барандагон эъто мекунад.