Январ 14, 2019 17:21 Asia/Dushanbe
  • Доктор Абдуллоҳ: Таъвиқи интихобот рабте ба музокироти сулҳ надорад

Раиси иҷроии давлати ваҳдати миллии Афғонистон гуфт, таъвиқи интихоботи раёсатҷумҳурии ин кишвар ба музокироти сулҳ бо Толибон иртиботе надорад.  

Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар Нишасти ҳайъати давлати Афғонистон бархе гузоришҳо дар бораи ба таъхир афтодани интихоботи раёсатҷумҳурии ин кишвар ба иллати ба натиҷа расидани музокироти сулҳро рад кард.  

Вай гуфт: Бархеҳо таъхир дар интихоботи раёсатҷумҳурии Афғонистонро ба масоили сулҳ ва музокира бо Толибон иртибот медиҳанд дар ҳоле, ки воқеият ин гуна нест.  

Абдуллоҳ таъкид кард: Интихоботи раёсатҷумҳурии Афғонистон ба иллати масоили фаннӣ ба таъвиқ афтод, то интихоботи соли ояндаи раёсатҷумҳурӣ ба сурати шаффоф баргузор шавад.

Раиси иҷроии давлати ваҳдати миллии Афғонистон аз амалкарди Комиссияи интихоботи ин кишвар низ интиқод кард ва гуфт: Мутаассифона интихоботи Маҷлиси Афғонистон бо мушкилоти фаровоне мувоҷеҳ шуд ва Комиссияи интихобот токунун натавонистааст натоиҷи ибтидоии онро эълом кунад.

Вай ибрози умедворӣ кард, натоиҷи ибтидоии интихоботи маҷлиси намояндагон дар Кобул ба зудӣ эълом шавад.

Интихоботи маҷлиси намояндагони Афғонистон пас аз се сол таъхир 20 ва 21 октябри 2018 баргузор шуд.