Вокунишҳо ба радди тавофуқи Брегзит дар Парлумони Британия
(last modified 2019-01-16T15:19:46+00:00 )
Январ 16, 2019 20:19 Asia/Dushanbe
  • Вокунишҳо ба радди тавофуқи Брегзит дар Парлумони Британия

Тасвиб нашудани тавофуқи Брегзит (хуруҷи Британия аз Иттиҳодияи Аврупо) дар Парлумони Британия, бо вокунишҳои мутафовит дар Аврупо рӯ ба рӯ шуд.  

Парлумони Британия сешанбе шаб бо 432 раъйи мухолиф дар баробари 202 раъйи мувофиқ, тавофуқи Брегзитро рад кард.  

Тавофуқи Брегзит, ки миёни Лондон ва Брюссел сурат гирифта буд, созу кори хуруҷи Британия аз Иттиҳодияи Аврупоро мушаххас мекард.

Доналд Туск, раиси Шӯрои Аврупо сешанбе шаб пас аз радди тавофуқи Брегзит дар Парлумони Британия эълом кард, танҳо роҳҳали мусбат баъд аз рад шудани тавофуқи Брегзит ин аст, ки Лондон дар Иттиҳодияи Аврупо боқӣ бимонад.

Жан Клод Юнкер, раиси Комиссияи Аврупо аммо дар Твиттер навишт: Хатари хуруҷи ҳамроҳ бо беназмии Британия афзоиш ёфтааст.  

Вай сипас дар баёнияе эълом кард, Иттиҳодияи Аврупо худро барои хуруҷи бидуни тавофуқи Британия омода мекунад.

Эмануел Макрон, раисҷумҳури Фаронса ҳам дар вокуниш ба раъйи манфии Парлумони Британия ба тавофуқи Брегзит гуфт: Иттиҳодияи Аврупо ҳар ончиро, ки мумкин буд, барои ин тавофуқ анҷом дод.

Ангела Меркел, садриаъзами Олмон низ дар бораи раъйи манфии Маҷлиси авоми Британия ба тавофуқи хуруҷи ин кишвар аз Иттиҳодияи Аврупо ибрози таассуф кард ва гуфт, ҳануз барои музокираи дубора дар бораи ин тавофуқ замон ҳаст.

Радди тавофуқи Брегзит дар Парлумони Британия барои давлати Тереза Май, нахуствазири ин кишвар, ки дар ду соли гузашта тамоми эътибори худро пои ин тавофуқ харҷ карда буд, шикасти сангине маҳсуб мешавад. Шикасте, ки ҳатто мумкин аст, ба баргузории интихоботи зудҳангоми саросарӣ мунҷар шавад.

Мардуми Британия шомили Англия, Шотландия, Велз ва Ирландияи Шимолӣ 23 июни 2016 бо ширкат дар як ҳамапурсӣ ба хуруҷи ин кишвар аз Иттиҳодияи Аврупо раъй доданд.

Ин дар ҳолест, ки натоиҷи як назарсанҷии ҷадид нишон медиҳад, беш аз ниме аз мардуми Британия тарҷеҳ медиҳанд, кишварашон дар Иттиҳодияи Аврупо боқӣ бимонад.

Давлати Британия бояд музокироти Брегзитро то марти 2019 ба саранҷом бирасонад.