Ибрози таассуфи Лавров аз иқдоми зиддиэронии Полша
Вазири хориҷаи Русия аз барномарезии Полша барои баргузории Нишасти зиддиэронӣ ибрози таассуф кард.
Сергей Лавров дар нахустин нишасти хабарии худ дар 2019 гуфт: Ширкаткунандагон дар Иҷлоси зиддиэронии Варшава наметавонанд нақше дар баёнияи поёнии он дошта бошанд, зеро дар воқеъ ин Амрикост, ки дар поёни нишаст, баёния содир хоҳад кард.
Лавров чунин равияеро дар ҳамкориҳои байналмилалӣ нодуруст хонд ва гуфт: Наздики 50 вазири хориҷа ба Конфронси Варшава даъват шудаанд, аммо нақше дар баёния надоранд ва фақат шунаванда ҳастанд.
Вай афзуд: Қарор аст, муноқишаҳои Сурия ва Яман ва барномаи мушакии Эрон дар ин конфронс баррасӣ шавад, ҳол онки муҳимтарин муноқишаи минтақа, яъне масъалаи Фаластин ва Исроил, дар ин конфронс нодида гирифта шудааст.
Раиси дастгоҳи дипломатии Русия ибрози тардид кард, ки баргузории чунин нишастҳое ба ҳалли ихтилофот ва муноқишаҳо дар Ховари Миёна мунҷар шавад.
Майк Помпео, вазири хориҷаи Амрико, рӯзи ҷумъа аз баргузории нишасте зиддиэронӣ дар рӯзҳои 13 ва 14 феврал дар Варшаваи пойтахти Полша хабар дод.