Январ 17, 2019 18:06 Asia/Dushanbe
  • Ситоиши ҳазрати Муҳаммад (с) ба ҷои мусиқӣ дар ҳавопаймоҳои Покистон

Ширкати ҳавопаймои миллии Покистон (PIA) тасмим гирифтааст, ки дар ҳамаи парвозҳои дохилӣ ва хориҷии худ ба ҷои пахши мусиқӣ, ашъори вижае дар мадҳи Паёмбари ислом (с) пахш кунад.

Ба гузориши ИРНА, Машҳӯд Тоҷур, сухангӯи Ҳавопаймои миллии Покистон (PIA) дар гуфтугӯ бо манобеи хабарии ин кишвар гуфт, дар ҳамаи парвозҳои дохилӣ ва хориҷии ин ширкат аз мусофирон бо "Қасидаи бурдаи шариф" дар мадҳи Пайғамбари гиромии Ислом (с) истиқбол мешавад.

Қасидаи бурдаи шариф, шеъри чандзабонаи муташаккил аз бандҳои форсӣ, англисӣ, арабӣ ва урду аст, ки дар мадҳи Набии мукаррами ислом ҳазрати Муҳаммад (с) суруда шуда ва дар саросари Покистон машҳур аст.

Ҳавопаймои миллии Покистон (PIA) хабари мамнуъ шудани пахши мусиқӣ дар парвозҳои ин ширкатро рад кард ва гуфт, мусофирони он даста аз парвозҳое, ки системаи телевизион ва гӯшмонак(наушник) доранд метавонанд, мусиқии мавриди алоқаи худро низ гӯш диҳанд.

Ширкати ҳавопаймои Покистон як ширкати ҳавопаймои давлатӣ аст, ки Вазорати дифои Покистон вазифаи мудирият бар онро бар ӯҳда дорад, вале аз соли 2008 фароянди хусусисозии он оғоз шудааст.