Январ 18, 2019 17:47 Asia/Dushanbe
  • Эҳтимоли ботил шудани раъйҳои интихоботи парлумонии дар Кобул

Комиссияи шакоёти интихоботи Афғонистон дар бораи эҳтимоли ботил шудани раъйҳои интихоботи парлумонӣ дар Кобул ҳушдор дод.

Ба гузориши хабаргузории Тасним, Ҳумайро Ҳақмал муовини комиссияи шикоёти интихоботи Афғонистон эълом кард, агар комиссияи интихобот дар се рӯзи оянда иттилооти интихоботиро ба ин ниҳод ироа накунад, натоиҷи интихоботи парлумонии Кобулро ба далел набуди шаффофият ботил эълом хоҳад кард.

Вай афзуд: Комиссияи интихобот ба тааҳҳудоти худ амал накарда ва иттилооти мавриди ниёзро дар ихтиёри комиссия шикоёт қарор надодааст.

Бо гузашт се моҳ аз замони эъломи натоиҷи интихоботи парлумонии бистуми октябри гузашта, кашмакашҳо бар сари натоиҷи интихоботи парлумонӣ дар Кобул ҳамчунон идома дорад.

Пас аз чанд бор бозшуморӣ, се рӯз пеш комиссияи интихоботи Афғонистон натоиҷи орои интихоботи парлумонии Кобулро эълом кард, ки шикоёти густурдаи интихоботиро ба ҳамроҳ дошт.