Судури дастури таваққуфи парвози СУ-34 дар Русия
https://parstoday.ir/tg/news/world-i41042-Судури_дастури_таваққуфи_парвози_СУ_34_дар_Русия
Дар пайи бархурди ду ҳавопаймои СУ-34 дар Русия, вазорати дифои ин кишвар дастур дод, парвози ин навъи ҳавопаймо дар саросари кишвар мутаваққиф шавад.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Январ 18, 2019 19:25 Asia/Dushanbe
  • Судури дастури таваққуфи парвози СУ-34 дар Русия

Дар пайи бархурди ду ҳавопаймои СУ-34 дар Русия, вазорати дифои ин кишвар дастур дод, парвози ин навъи ҳавопаймо дар саросари кишвар мутаваққиф шавад.

Ба гузориши Хабаргузории садо ва симои Эрон, мақомоти вазорати дифои Русия эълом карданд, субҳи рӯзи ҷумъа ду ҳавопаймои СУ-34 ҳангоми иҷрои парвози намоишӣ бар фарози обҳои Баҳри Япония дар дуртарин нуқтаи шарқии Русия бо ҳам бархурд карданд ва яке аз онҳо суқут кард.

Бар асоси ин гузориш, халабон ва кумакхалабони ин ҳавопаймо пеш аз суқут худро ба берун партоб кардаанд.

Ин гузориш ҳокӣ аст ҳавопаймои дувум бо осебдидагии камтар тавонист дар пойгоҳи ҳавоии Шарқи Дури Русия фуруд ояд.

Ҳавапаймои ҷангии бомбаафкани СУ-34 аз ҳавопаймоҳои пешрафтаи Русия маҳсуб мешавад.