Январ 19, 2019 13:14 Asia/Dushanbe
  • Интиқоди ниҳоди мусулмонони Амрико аз зойеъ шудани ҳуқуқи мазҳабии Марзия Ҳошимӣ

Шӯрои равобити амрикоӣ- исломӣ эълом кард, иқдоми мақомоти амрикоӣ дар маҳрум кардани муҷрии Пресс ТВ аз ҳуқуқи мазҳабӣ тавҷеҳе надорад.

Ба гузориши ИРНА, Шӯрои равобити амрикоӣ- исломӣ дар баёнияе посухгӯии Вазорати додгустарӣ ва полиси федерали Амрико (FBI) - ро дар бораи боздошти Марзия Ҳошимӣ, муҷрӣ ва хабарнигори Пресс ТВ хостор шуд.

Дар ин баёния омадааст, Марзия Ҳошимӣ бидуни иттиҳомоти равшан боздошт ва аз ҳуқуқи мазҳабии худ дар боздоштгоҳ маҳрум шудааст.

Марзия Ҳошимӣ, хабарнигор, мустанадсоз ва гӯяндаи амрикоиасли шабакаи Пресс ТВ, ки аз рӯзи якшанбе бидуни ҳеҷ гуна иттиҳоме дар Амрико боздошт шудааст, дар тамос бо хонаводааш гуфтааст, ки зиндонбонон зимни бардоштани иҷбории ҳиҷобаш, ба ӯ аз ғизои дорои гӯшти хук дода ва ба дархости ӯ барои дарёфти ғизои ҳалол ё гиёҳӣ таваҷҷуҳе накардаанд. Ба тавре, ки ӯ дар ин муддат фақат нони холи хӯрдааст.

Додгоҳи Вашингтон рӯзи ҷумъа эътироф кард, ки Марзия Ҳошимӣ ҳеҷ ҷурме муртакиб нашуда ва дар як парвандаи номушаххас сирфан ба унвони он чӣ истилоҳан “шоҳиди калидӣ” матраҳ мешавад, боздошт шудааст.

Бо вуҷуди ин, мақомоти амрикоӣ ҳанӯз ҳеҷ замоне барои озодии вай эълом накардаанд.