Сабти қоидавайронкунии маликаи 92-солаи Англия
Елизаветаи II маликаи Британия 18 январ ҳангоми вайрон кардаии қоидаҳои ронандагӣ ба дом афтод.
Ба гузориши Спутник, маликаи 92-сола Англия бидуни бастани камарбанди эминӣ ронандагӣ мекард ва аккосон аз ӯ дар пушти фармони мошинаш акс гирифтанд.
Елизаветаи II дар замони ҷанги ҷаҳонии дувум гувоҳиномаи ронандагӣ гирифт.
Бо вуҷуди он ки вай аз масунияти таъқиби додгоҳӣ бархурдор аст, аммо кохи Букингем исрор меварзад, ки вай қонунҳоро риоят кунад.
Як рӯз пеш аз ин рӯйдод низ худрави шоҳзода Филипп, ҳамсари 97-солаи маликаи Англия вожгун шуд, ки дар ин тасодуф ду зан осеб диданд.
Полис дар ҳоли баррасии ин ҳодиса аст ва мумкин аст, боиси беэътибор шудани гувоҳиномаи ронандагии Филипп шавад, ҳарчанд ҳанӯз маълум нест, ки оё ӯ аслан гувоҳиномаи ронандагӣ дорад ё на.