Январ 20, 2019 12:10 Asia/Dushanbe
  • Тазоҳуроти занони амрикоӣ зидди Трамп

Садҳо ҳазор зан дар пойтахт ва дигар шаҳрҳои Амрико севумин соли пайиҳам зидди сиёсатҳои раиси ҷумҳурии ин кишвар тазоҳурот карданд.

Ба гузориши Хабаргузории садо ва симои Эрон, занон аз қишрҳои мухталиф дар Вашингтон ва дигар шаҳрҳои Амрико рӯзи шанбе дар тазоҳуроти худ ба бетаваҷҷуҳии давлати Амрико дар баробари мушкилоти онон эътироз карданд.

Ин севумин сол аст, ки занони амрикоӣ алайҳи сиёсатҳои давлати Доналд Трамп раиси ҷумҳурӣ, тазоҳурот барпо мекунанд.

Аз замони вуруди Трамп ба Кохи Сафед, қишрҳои мухталифи мардум, аз ҷумла занон ба сиёсатҳои табъизомези вай эътироз доранд.

Натоиҷи назарсанҷиҳо нишон медиҳад, норизоятӣ аз амалкарди Трамп байни занони амрикоӣ ба шиддат афзоиш ёфтааст.

 

Барчасп