Январ 20, 2019 16:47 Asia/Dushanbe
  • Пиртарин марди ҷаҳон дар Ҷопон даргузашт

Масазу Нунака, пирамарди 113 солаи аҳли Ҷопон, ки исми ӯ соли гузашта ба унвони пиртарин марди ҷаҳон дар китоби рекордҳои Гиннес сабт шуда буд, имрӯз якшанбе дар хонааш дар Ҷопон фавт кард.

Нунака 25 июли 1905 ҳамон соле, ки Эйнштейн теорияи нисбияти худро мунташир кард, дар шаҳри Ашура, дар шимоли Ҷопон ба дунё омад.

Пеш аз ин низ мусинтарин фарди ҷаҳон бо 116 солу 54 рӯз аҳли Ҷопон буд, ки 2013 фавт шуд.

Масазу Нунака қадимитарин марди дунё буд, ки дар 10 апрели 2018 шиносоӣ шуд.

Шумори солмандони 65 сол ба боло дар Ҷопон, акнун 27.7 дарсад аз кулли ҷамъияти кишварро шомил мешавад, ки нишон аз пир шудани сареи ҷомеа дорад.