Январ 21, 2019 12:13 Asia/Dushanbe
  • Дифои нахуствазири Малайзия аз иҷозаи вуруд надодан ба варзишкорони исроилӣ

Нахуствазири Малайзия аз тасмими худ барои иҷоза надодан ба сафари тими миллии шинои занони режими Исроил ба кишвараш дифо кард.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симои Эрон, Моҳотир Муҳаммад дар Донишгоҳи Оксфорди Англия дар бораи муҷаввиз содир накардан барои вуруди тими занони режими Исроил ба Малайзия ба манзури ширкат дар Мусобиқоти ҷаҳонии маълулони ҷаҳон гуфт, бисёре кишварҳо аз вуруди ғарибаҳо ба хоки худ розӣ нестанд, бино бар ин ҳаққ доранд марзҳои худро ба рӯи афроди хосс бибандад.

Нахуствазири Малайзия таъкид кард, бо таваҷҷуҳ ба ин ки Малайзия ҳаргиз робитаи дипломатӣ бо Исроил надоштааст, баназар намерасад, ки лозим бошад исроилиҳо ба Малайзия сафар кунанд.

Моҳотир Муҳаммад дар посух ба ин интиқод, ки тасмимаш дахолат додани сиёсат дар варзиш аст, гуфт, Бенямин Натаняҳу ҷиноёти зиёдеро зидди мардуми минтақа муртакиб шудааст ва бисёре аз исроилиҳо ҳам аз амалкарди вай ҳимоят мекунанд.

Вай гуфт, мушкилоти мардуми минтақа ва аъроб аз ҳафтод сол пеш, ки сарзамин Фаластин ба Исроил дода шуд ва фаластиниён аз сарзамини худ ронда шуданд, оғоз шуд.

Моҳотир Муҳаммад пас аз инки барои варзишкорони Исроил муҷаввизи вуруд ба Малайзия содир накард, эълом кард, атбои Исроил ҳаққи вуруд ба ин кишварро надоранд.

Қарор аст, Мусобиқоти қаҳрамонии парашино (шинои маълулон)-и ҷаҳон 2019 дар рӯзҳои (25 июл то 4 август 2019) дар шаҳри Кучинги Малайзия баргузор шавад.

 

Барчасп