Нигаронӣ аз афзоиши ҷамъият дар Покистон
Январ 21, 2019 09:28 Asia/Dushanbe
Додгоҳи олии Покистон дар хусуси раванди рӯ ба афзоиши ҷамъият дар ин кишвар ҳушдор дод.
Ба гузориши ИРНА, Додгоҳи олии Покистон аз афзоиши ҷамъият дар ин кишвар ба унвони «инфиҷор» ёд кард ва аз давлат, ҷомеаи маданӣ ва уламо хост дар хусуси коҳиши ҷамъият, фарҳангсозӣ кунанд.
Бар асоси саршумории соли 2017 милодӣ дар Покистон, ин кишвар беш аз 207 миллион нафар ҷамъият дорад.
Покистон пас аз Ҳинд, Чин, Амрико ва Индонезия панҷумин кишвари пурҷамъияти ҷаҳон аст.