Январ 21, 2019 19:03 Asia/Dushanbe

Тими миллии футболи Арабистон дар марҳалаи як ҳаштуми ниҳоии Ҷоми миллатҳои Осиё бозиро ба Ҷопон бохт ва аз даври рақобатҳо канор рафт.  

Дар ин дидор, ки соати 15 ба вақти Тоҷикистон дар варзишгоҳи Алшарҷа дар шаҳри Шарҷаи Иморот баргузор шуд, тими миллии Ҷопон бо натиҷаи як бар сифр Арабистонро шикаст дод.

Арабистон дар бозии қаблии худ дар марҳалаи гурӯҳӣ 2 бар сифр ба Қатар бохта ва ба унвони тими дувуми гурӯҳи E сууд карда буд.

Бо ду бозии дигар имрӯз ва ду бозии фардо, ҳашт тими суудкарда ба марҳалаи як чаҳоруми ниҳоии Ҷоми миллатҳои Осиё мушаххас мешавад.

Токунун тимҳои миллии футболи Эрон, Чин, Ветнам ва Ҷопон ба марҳалаи як чаҳоруми ниҳоӣ сууд кардаанд.  

Имрӯз тимҳои Узбакистон ва Австралия бо ҳам мусобиқа медиҳанд ва пас аз он низ ду тими Қирғизистон ва Иморот ба масофи ҳам мераванд.