Январ 21, 2019 20:03 Asia/Dushanbe
  • Дасти радди мақоми аршади Иттиҳодияи Аврупо бар синаи Полша ва Амрико

Масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо эълом кард, ки дар Нишасти Полша ширкат намекунад.  

Федерика Могеринӣ дар ҳошияи Нишасти вазирони хориҷаи ин иттиҳодия дар Брюссел эълом кард, ки ба ҷои ширкат дар Нишасти Варшаваи пойтахти Полша, дар Нишасти Иттиҳодияи Африқо дар Аддис-Абабаи пойтахти Эфиопия ширкат хоҳад кард.  

Пойгоҳи интернетии хабаргузории РИА Новостии Русия низ аз қавли Ҷакейч Кжапутович, вазири хориҷаи Полша навишт, Русия пеш аз онки аз дастури кори Нишасти Варшава иттилоъ дошта бошад, эълом карда, ки дар ин нишаст ширкат нахоҳад кард.

Вазири хориҷаи Полша бо ибрози таассуф аз ҳузур наёфтани Русия дар Нишасти Варшава гуфтааст, бидуни ҳузури Маскав наметавон ба муваффақиятомез будани ин нишаст умедвор буд.  

Майк Помпео, вазири хориҷаи Амрико чанде қабл аз барномаи Вашингтон барои баргузории нишасте зиддиэронӣ дар Варшава хабар дод.

Ин нишаст бо унвони “Ояндаи Ховари Миёна” қарор аст, 13 ва 14 феврал баргузор шавад.

Ба рағми онки Амрико аз ҳузури вазирони хориҷаи даҳҳо кишвар дар Нишасти Варшава хабар додааст, бисёре аз кишварҳо дар рӯзҳои гузашта эълом кардаанд, ки дар ин нишаст ҳузур намеёбанд.  

Чандин кишвар ҳамчун Фаронса низ эълом кардаанд, ки дар сатҳе поинтар аз вазири  хориҷа дар Нишасти Варшава ширкат хоҳад кард.

Олмон ва Британия ҳам барои ҳузур дар ин нишаст эъломи омодагӣ накардаанд.