Январ 22, 2019 18:39 Asia/Dushanbe
  • Коҳиши маҳбубияти Путин дар Русия

Натоиҷи охирин назарсанҷии Маркази мутолиаи афкори умумии Русия нишон медиҳад, ки маҳбубияти Владимир Путин, раисҷумҳури ин кишвар дар моҳҳои ахир коҳиш ёфта ва ба поинтарин сатҳ дар чанд соли ахир расидааст.

Маркази мутолиаи афкори умумии Русия эълом кардааст, ки бо ин вуҷуд Путин ҳамчунон дар садри феҳристи сиёсатмадорони мавриди эътимоди мардум қарор дорад.

Бар асоси ин назарсанҷӣ, ки аз 9 то 13 январ бо гуфтугӯи телефонӣ аз афроди болои 18 сол гирифта шудааст, 33.4 дарсади мардуми Русия ҳамчунон ба Путин эътимод доранд.

Сергей Шайго, вазири дифои Русия дувумин ва Сергей Лавров, севумин сиёсатмадороне ҳастанд, ки бештари русҳо пас аз Путин ба онҳо эътимод доранд.

Владимир Жириновский, раҳбари Ҳизби либерал-демократи Русия низ дар садри сиёсатмадороне қарор гирифтааст, ки мавриди эътимоди мардуми Русия нестанд.  

62 дарсади ширкаткунандагон дар назарсанҷӣ амалкарди Владимир Путинро тайид кардаанд, зимни инки 35 дарсад аз ширкаткунандагон ҳамчунон ба давлат умедворанд.  

Эътимоди русҳо ба Путин дар чанд соли гузашта ҳамвора беш аз 50 дарсад буд.

Ба ақидаи бисёре аз коршиносон, иллати аслии коҳиши маҳбубияти Путин ба афзоиши мушкилоти иқтисодӣ бавижа бекорӣ ва гаронии колоҳо боз мегардад.