Январ 23, 2019 15:25 Asia/Dushanbe
  • Ифшогарии нави мақоми Конгресси Амрико дар бораи равобити Трамп бо Русия

Раиси Кумитаи иттилооти Маҷлиси намояндагони Амрико ҷузъиёти тозаеро дар бораи равобити Трамп бо Русия матраҳ кард.

Ба гузориши Хабаргузории садо ва симо, Адам Шифф рӯзи чаҳоршанбе дар сафҳаи шахсиаш дар Твиттер навишт, Трамп дар ҳоле ки барои бастани қарордоде ба арзиши садҳо миллион доллар дар Русия талош мекард, хостори лағви таҳримҳои чандмиллиарддолларӣ ба нафъи Владимир Путин, раисҷумҳури Русия шуда буд.

Шифф афзуд, Трамп аз Русия хоста буд, почтаи электронии рақиби интихоботиаш Ҳилари Клинтонро дар интихоботи раёсати ҷумҳурии соли 2016 ҳак кунад.

Шифф ёдовар шуд, Доналд Трамп Ҷуниор, писари аршади раисҷумҳурӣ низ бо мақомоти рус барои махдуш кардани чеҳраи Клинтон дидор карда буд, аммо Руди Ҷулиани, вакили Трамп мегӯяд, ин масоил бузург нест.

Рӯзномаи Ню-Йорк Таймс ҳафтаи гузашта гузориш дод, полиси федерали Амрико пештар бо нигаронӣ аз эҳтимоли ин ки Трамп омили Русия буда бошад, таҳқиқотеро дар ин бора оғоз карда буд.

Мавзӯи ҳамдастии тими интихоботии Трамп бо русҳо барои ҳазфи рақиби вай Ҳилари Клинтон дар интихоботи соли 2016 ҳамчунон яке аз танишҳои муҳим дар фазои сиёсии Амрико аст.