Вашингтон Пост: Трамп рӯзе 16 бор дуруғ мегӯяд
(last modified 2019-01-23T13:57:49+00:00 )
Январ 23, 2019 18:57 Asia/Dushanbe
  • Вашингтон Пост: Трамп рӯзе 16 бор дуруғ мегӯяд

Рӯзномаи амрикоии Вашингтон Пост эълом кард, Доналд Трамп, раисҷумҳури ин кишвар ҳар рӯз ба таври мутавассит шонздаҳ бор дуруғ гуфтааст.

Рӯзномаи амрикоии Вашингтон Пост бо интишори арзёбии оморӣ аз суханони Доналд Трамп таъкид кард, Трамп дар ду соли аввали раёсатҷумҳурии худ беш аз ҳашт ҳазору сад бор иддаоҳои дуруғ ва фиребанда бар забон овардааст.  

Трамп фақат дар дувумин соли раёсатҷумҳурии худ, беш аз шаш ҳазор бор иддаоҳои боварнакарданӣ матраҳ кардааст.

Ин арзёбии оморӣ нишон дод, иддаоҳои дуруғи Трамп дар дувумин соли раёсатҷумҳурии ӯ ба шонздаҳ маврид дар ҳар рӯз афзоиш ёфтааст, ки се баробари мутавассити дуруғҳои ӯ дар нахустин соли раёсатҷумҳуриаш аст. Вашингтон Пост навишт: Бештарин иддаоҳои дуруғи Трамп дар бораи муҳоҷират буд, ки ба беш аз ҳазору чаҳорсад маврид мерасад.