Январ 23, 2019 21:09 Asia/Dushanbe
  • Русия ва таҳрими Нишасти Варшава

Амрико дар чорчуби аҳдофи минтақаии худ қасд дорад, то нишастеро бо унвони “Сулҳ ва амният дар Ховари миёна” 13 ва 14 феврали 2019 дар Варшаваи пойтахти Полша баргузор кунад.

Вашингтон муддаӣ аст, ки аз 70 кишвар барои ширкат дар ин нишаст дар сатҳи вазири хориҷа даъват карда, аммо бархе кишварҳо дар рӯзҳои гузашта эълом кардаанд, ки дар ин конфронс ширкат намекунанд.

Яке аз бозигарони аслӣ дар арсаи Ховари Миёна акнун Русия аст, ки аз аъзои гурӯҳи 1+4 низ маҳсуб мешавад ва бадеҳӣ аст, бидуни ҳузури ин кишвар, Вашингтон наметавонад дар бораи масоили мавриди баҳс дар Нишасти Варшава аз ҷумла муқобила бо сиёсатҳо ва нуфузи минтақаии Эрон, иддаои иҷмои байналмилалӣ намояд.

Бо ин ҳол, мавзеи Маскав дар ин замина манфӣ будааст.

Дар баёнияи Вазорати хориҷаи Русия тасреҳ шудааст: Ҳадаф аз баргузории Нишасти Варшава, зарба задан ба тавофуқи ҳастаии БАРҶОМ аст. Дар ҳоле, ки ин тавофуқ мавриди тайиди Шӯрои амният қарор гирифта ва Эрон, Русия, Чин ва тройкаи Иттиҳодияи Аврупо хоҳони ҳифзи он ҳастанд.

Майк Помпео дар суханронии худ аз тариқи видеоконфронс дар Маҷмаи иқтисодии Довус бори дигар Эронро таҳдид ва омили бесуботӣ дар минтақа тавсиф ва ибрози умедворӣ кард, Вашингтон битавонад эътилофи минтақаӣ алайҳи Эрон эҷод кунад.

Василий Небензия, намояндаи доими Русия дар Созмони милал, Нишасти Варшаваро як гирдиҳамоии зиддиэронӣ баршумурд ва тасреҳ кард, ин нишаст барои амнияти минтақа мухарриб аст.

Вазорати хориҷаи Русия дар ин баёния, ҳадафи дигар аз баргузории Нишасти Варшаваро аз байн бурдани талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ барои эҷоди сулҳ ва субот дар Ховари миёна донист.

Дар айни ҳол Вашингтон ба дунболи пешбурди тарҳи муомилаи қарн барои ба истилоҳ поён додан ба масъалаи Фаластин аст ва бар ин тасаввур аст, ки баргузории ин нишаст, ки ба иддаои давлати Трамп барои сулҳ ва субот дар Ховари Миёна баргузор мешавад, фурсати муносибе барои ҷалби назари мусбати аъроб ба ин тарҳ аст.

 

Барчасп