Январ 24, 2019 13:01 Asia/Dushanbe
  • Рӯнамоӣ аз мушаки ҷадиди Русия дар авҷи чолиш бо Амрико

Русия бо рӯнамоӣ аз як мушаки миёнбурди ҷадид эълом кард: Хости Амрико барои нобудсозии мушакҳои Курузи Русия пазируфтанӣ нест.

Сергей Рябков, муовини вазири хориҷаи Русия гуфт: Масъалаи мушакҳои Курузи 9M729 фурсати тозае дар ихтиёри Амрико мегузорад, то дар бораи ҳифзи паймони “манъи истифода аз мушакҳои миёнбурди ҳастаӣ” гуфтугӯ кунад.

Бурди мушаки ҷадиди рӯнамоишуда 480 километр аст, ки аз бурди модели пешини он даҳ километр камтар буда ва бинобарин ба ҳеҷ ваҷҳ ноқизи паймони “манъи истифода аз мушакҳои миёнбурди ҳастаӣ” , ки дар 1987 байни Русия ва Амрико мнъқд шудааст, нест.

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико 20 октябри 2018 эълом кард: Амрико аз паймони “нерӯҳои ҳастаии миёнбурд” (INF) хориҷ хоҳад шуд.

Баҳонаи аслии Амрико барои хуруҷ аз ин паймони роҳбурдӣ ва бисёр муҳим, нақзи маффоди он тавассути Русия аст.

 

 

Барчасп