Ҳимояти Русия аз раёсатҷумҳурии Мадуро дар Венесуэла
(last modified 2019-01-24T12:46:21+00:00 )
Январ 24, 2019 17:46 Asia/Dushanbe
  • Ҳимояти Русия аз раёсатҷумҳурии Мадуро дар Венесуэла

Русия, Николас Мадуроро ба унвони раисиҷумҳури Венесуэла ба расмият мешиносад.

Ба гузориши Спутник, муовини раиси Кумитаи шӯрои Русия дар умури байналмилал гуфт: Русия, Николас Модуроро ба унвони раисиҷумҳури қонунии Венесуэла ба расмият мешиносад.

Пеш аз ин, Хуан Гуаидо, раиси Маҷлиси миллии Венесуэла худро ба унвони раисиҷумҳури муваққати ин кишвар эълом кард.

Амрико зимни ба расмият шинохтани Хуан Гуаидо ба унвони раисиҷумҳури муваққати Венесуэла эълом кард, ки Никалос Мадуроро ба унвони раисиҷумҳури қонунии ин кишвар ба расмият намешиносад ва хостори ҷилавгирӣ аз иқдомоти хушунатомез алайҳи мухолифон шуд.

Пас аз нооромиҳо дар Венесуэла, рӯзи гузашта Хуан Гуаидо, раиси парлумон ва раҳбари мухолифони Венесуэла, худро раисиҷумҳури муваққати ин кишвар номид. Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико низ эълом кард, ки раиси парлумони Венесуэларо ба унвони раисиҷумҳури муваққати ин кишвар ба расмият мешиносад.

 

Барчасп