Январ 26, 2019 15:35 Asia/Dushanbe
  • Ҳимояти раҳбарони Беларус ва Сербистон аз раисҷумҳури қонунии Венесуэла

Раисҷумҳури Беларус дар музокираи телефонӣ бо Николас Мадуро, раисҷумҳури қонунии Венесуэла, бар идомаи ҳимояти кишвараш аз давлати қонунии вай дар Венесуэла таъкид кард ва раисҷумҳури Сербистон низ гуфт, ки қасди ба расмият шинохтани Хуан Гуайдо ба унвони раисҷумҳури Венесуэларо надорад.

Ба гузориши хабаргузории ТАСС, Александр Лукашенко, раисҷумҳури Беларус дар ҷараёни музокироти телефонӣ бо Николас Мадуро эълом кард, ки кишвараш қавиян аз ҳар навъ дахолати хориҷӣ дар умури дохилии кишварҳои мустақили ҷаҳон, азҷумла иқдомоти ахир барои бесубот кардани авзоъ дар Венесуэла ҳимоят нахоҳад кард ва мақомоти Каракас ҳамеша метавонанд рӯйи ҳимояти Минск ҳисоб кунанд. Вай таъкид кард, ки Беларус ба таври комил ва пайгирона хостори ҳаллу фасли мусолиматомези буҳрони сиёсии кунунӣ дар Венесуэла, сирфан дар чорчӯби қонуни асосӣ ва иродаву хости мардуми ин кишвар аст.

Александр Вучич, раисҷумҳури Сербистон низ дар посух ба суоли хабарнигорон эълом кардааст, ки Белград қасд надорад Хуан Гуайдоро, ки муддаӣ шуда, раисҷумҳури муваққати Венесуэла аст, ба расмият бишносад ва ҳамчунон аз давлати қонунии Венесуэла ҳимоят мекунад.