Январ 26, 2019 18:01 Asia/Dushanbe
  • Мувофиқати Маҷлиси намояндагони Амрико бо бозгушоии давлати Трамп

Маҷлиси намояндагони Амрико зимн мувофиқат бо лоиҳаи бозгушоии муваққати давлати федерал, буҷаеро барои ин манзур тасвиб кард.

Ба гузориши хабаргузории Рейтерз, Маҷлиси намояндагони Амрико пас аз тасвиби лоиҳаи бозгушоии муваққати ниҳодҳои федерал, онро барои имзо ва табдил шудан ба қонун ба Доналд Трамп, раисиҷумҳури ин кишвар ирсол кард.

Сенати Амрико низ имрӯз бидуни ҳар гуна ихтисоси буҷа ба тарҳи Доналд Трамп барои сохти девор дар марзи Мексика, лоиҳаи поён додан ба таътилии давлати Амрикоро тасвиб кард.

Тасвиби тарҳи бозгушоии давлати Амрико, пас аз он сурат гирифт, ки раҳбарони Конгресс эълом карданд, бо Доналд Трамп ба тавофуқи муваққат барои поён додан ба таътилии давлат даст ёфтаанд.

Тибқи гузоришҳо, раҳбарони Конгресс ва Трамп тавофуқ карданд, давлатро барои се ҳафта бозгушоӣ ва дархости Трамп барои буҷаи панҷмиллиарду 700 миллиондолларии сохти девори марзи Мексикаро ба гуфтугӯҳои оянда вогузор кунанд.

Таътилии 35 рӯзаи давлати Трамп, тӯлонитарин таътилии давлат дар таърихи Амрико башумор меравад.