Январ 27, 2019 10:53 Asia/Dushanbe
  • Натоиҷи музокироти шашрӯзаи Толибон ва Амрико

Хабаргузории Рейтер ба нақл аз манобеи огоҳи узви гурӯҳи Толибон хабар дод, ки бар мабнои пешнависи тавофуқи миёни ин гурӯҳ ва Амрико, неруҳои хориҷӣ аз ҷумла низомиёни амрикоӣ дар муддати 18 моҳ ин кишварро тарк хоҳанд кард.

Ба гузориши ИРНА, ин пешнавис, ки нусхае аз он ба дасти Рейтер расида, натиҷаи шаш рӯз музокироти миёни Толибон ва ҳайати амрикоӣ ба сарпарастии Залмай Халилзод намояндаи вижаи ин кишвар дар умури Афғонистон аст.

Майк Пампео вазири умури хориҷаи Амрико рӯзи шанбе ин музокиротро муваффақиятомез хонд ва бидуни ироаи ҷузъиёти тавофуқҳои суратгирифта гуфт, ки ин кишвар «азми ҷиддӣ» барои бозгардондани неруҳояш дорад.

Халилзод низ дар Твиттер навишт: То замоне, ки рӯйи ҳамаи масоил аз ҷумла фароянди гуфтугуҳои дохилӣ ва барқарории оташбаси ҷомеъ тавофуқ сурат нагирад, рӯйи ҳеҷ мавзӯе ба танҳоӣ тавофуқ нахоҳад шуд.

Ба навиштаи Рейтер, Толибон дар баробари хуруҷи амрикоиҳо пазируфтааст, ки иҷоза надиҳад Алқоида ва ДИИШ аз хоки Афғонистон барои ҳамла ба Амрико ва муттаҳидонаш дар минтақа истифода кунанд.

Пешнависи тавофуқи ёдшуда ҳамчунин дорои банди марбут ба оташбас миёни давлати марказӣ ва Толибон аст, аммо ҳанӯз барномаи замонии мушаххасе барои он дар назар гирифта нашудааст.

Ба навиштаи Рейтер, дар пешнависи тавофуқ ҳамчунин маворидҳое дар иртибот бо кишварҳои минтақа ба вижа Покистон, Ҳинд ва Чин гунҷонда шудааст.

Дигар бандҳои пешнавис шомили табодули зиндониён, лағви мамнуъияти сафари раҳбарони Толибон ва ташкили давлати муваққат пас аз барқарории сулҳ аст.

Ин дар шароите аст, ки Ашраф Ғанӣ раиси ҷумҳурии Афғонистон борҳо бо тарҳи ташкили давлати муваққат мухолифат кардааст.

Ба навиштаи Рейтер, эҳтимол дорад гуфтугӯҳо дар моҳи феврал дар Доҳаи Қатар пайгирӣ шавад.