Январ 27, 2019 11:35 Asia/Dushanbe
  • Ветои Русия ва Чин алайҳи иқдоми Амрико зидди Венесуэла

Русия ва Чин аз тарҳ шудани пешнависи баёнияи пешниҳодии Амрико зидди Венесуэла дар Шӯрои амнияти Созмони милали муттаҳид ҷилавгирӣ карданд.

Ба гузориши Хабаргузории садо ва симои Эрон, Чин ва Русия дар нишасти рӯзи шанбеи Шӯрои амнияти Созмони милали муттаҳид, матраҳ шудани пешнависи баёнияи мавриди назари Амрико бо мазмуни эъломи ҳимоят аз Хаун Гуаидо раҳбари мухолифони Венесуэларо вето карданд.

Дар ин пешнавис, интихоботи ахири раёсати ҷумҳурии Венесуэла ғайриқонунӣ қаламдод ва давлати Мадуро ба тавассул ба зур алайҳи мухолифон муттаҳам шуда буд.

Бар асоси ин гузориш, дар нишасти Шӯрои амнияти Созмони милали муттаҳид, Русия бо ҳамроҳӣ ва ҳимояти Чин, ҳамаи ибороти ишорашударо аз пешнависи баёнияи мавриди баҳс ҳазф кард ва ба раванди талошҳо барои тасвиби он поён дод.

Майк Пампео вазири умури хориҷаи Амрико дар нишасти Шӯрои амнияти Созмони милали муттаҳид, раҳбари мухолифони давлати Венесуэларо раиси ҷумҳурии ин кишвар номид ва ҳимоят аз вайро хостор шуд, аммо талошҳои Пампео бенатиҷа монд.

Доналд Трамп раиси ҷумҳурии Амрико рӯз чаҳоршанбеи гузашта бо нодида гирифтани раванди интихобот ва давлати қонунии Венесуэла, Хаун Гуаидо раҳбари мухолифони вобаста ба Амрикоро дар Венесуэла, ба унвони раиси ҷумҳурии ин кишвар ба расмият шинохт.

Дар пайи нокомии кудато дар Венесуэла, кишварҳои Олмон, Фаронса ва Испания барои раиси ҷумҳурии мунтахаби ин кишвар, зарбулаҷали интихоботи зудҳангом таъйин карданд ва аз Николас Мадуро раиси ҷумҳурии қонунӣ ва мунтахаби ин кишвар хостанд то дар муддати ҳашт рӯз муқаддамоти баргузории интихоботи зудҳангомеро, ки дар ин баёния “интхоботи озод" унвон шудааст, фароҳам кунад.

Ин баёния таҳдид кардааст, ки агар Модуро чунин накунад, онҳо Хаун Гуаидо раҳбари мухолифони вобаста ба Вашингтон дар Венесуэларо ба унвони раиси ҷумҳурии муваққати ин кишвар ба расмият хоҳанд шинохт.

Бо вуҷуди ҳимояти бархе кишварҳои ғарби аз кудатои ноком дар Венесуэла, бисёре аз кишварҳо ҳамчун Эрон, Русия, Туркия, Мексика, Куба ва Беларус аз давлати қонунии Мадуро ҳимоят кардаанд.

Антонио Гуттереш дабири кулли Созмони милали муттаҳид низ зимни худдорӣ аз ба расмият шинохтани эъломи раёсати ҷумҳурии Хаун Гуаидо, тарафҳои муноқиша дар Венесуэларо ба гуфтугӯ ва ҳалли мусоламатомези масоил фаро хондааст.