Сентябр 15, 2016 10:33 Asia/Dushanbe
  • Бархӯрди ду қатор дар Покистон 104 кушта ва захмӣ барҷо гузошт

Ба гузориши хабаргузории Фаронса, субҳи имрӯз панҷшанбе бар асари бархӯрди як қатори мусофирбарӣ ва як қатори борбарӣ, наздики шаҳри Мӯлтон дар аёлати Панҷоби Покистон дастикам чаҳор тан кушта ва ҳудуди 100 тани дигар захмӣ шуданд.

Ҳоли бархе аз захмиҳо вахим гузориш шуда ва мумкин аст, шумори қурбониён афзоиш ёбад.

Ин сониҳа замоне рӯй дод, ки як қатори мусофирбарӣ ба мақсади Карочӣ бо як қатори борӣ, ки дар онҷо таваққуф карда буд, бархӯрд кард.

Ин қаториборӣ пас аз тасодуф бо марде, ки аз рӯи рели роҳи оҳан убур мекард, мутаваққиф шуда буд.

Тасодуфи қатор дар Покистон бисёр роиҷ аст ва роҳи оҳан ин кишвар, акнун фарсуда шудааст ва рӯз ба рӯз шароити он бадтар мешавад.

 

Барчасп