Таҳдиди раиси зиндонии ҷунбиши Иттиҳоди мусалмонони ҷумҳурии Озарбойҷон ба эътисоби ғизо
(last modified Mon, 28 Jan 2019 10:39:55 GMT )
Январ 28, 2019 15:39 Asia/Dushanbe
  • Таҳдиди раиси зиндонии ҷунбиши Иттиҳоди мусалмонони ҷумҳурии Озарбойҷон ба эътисоби ғизо

Азият, озор ва хушунат алайҳи маҳбусини исломгаро дар зиндонҳои ҷумҳурии Озарбойҷон ҳамчунон идома дорад.

Дар вокуниш ба мушкилоти ҷорӣ Ҳоҷӣ Толеъ Боқирзода, раиси зиндонии ҷунбиши Иттиҳоди мусалмонони ҷумҳурии Озарбойҷон эълом кард, дар сурати идомаи шиканҷаҳои ҷисмӣ ва рӯҳии маъмурони зиндон алайҳи вай, эътисоби ғизо (гуруснанишинӣ) хоҳад кард.  

Ҳоҷӣ Толеъ Боқирзода ба бастагони худ гуфт, агар шиканҷаҳои рӯҳӣ ва ҷисмии маъмурони зиндони Қубустон аз қабили таҳдид ба тӯлонӣ кардани замони маҳкумият ва ҳамбандӣ бо маҳбусини хатарнок идома пайдо кунад, эътисоби ғизо хоҳад кард.

Хушунатҳои ҷисмӣ ва рӯҳӣ алайҳи зиндониёни сиёсӣ, бавижа зиндониёни исломгаро дар зиндонҳои ҷумҳурии Озарбойҷон дар ҳоле аст, ки ахиран Маркази ҳимоят аз зиндониёни сиёсии ин кишвар дар гузорише аз идомаи эъмоли фишор бар зиндониёни сиёсӣ дар кишвар хабар дода буд.

Дар тазоҳуроти зиддидавлатии ахир дар Боку низ муътаризин зимни дархости озодии зиндониёни сиёсӣ ва исломгаро, хостори канорагирии Илҳом Алиев, раисҷумҳури Озарбойҷон аз қудрат шуданд. Мухолифони ҳокимияти Боку ҳамчунин хостори ҳамоҳангсозии сиёсатҳои давлати Илҳом Алиев бо Иттиҳоди Аврупо шуданд. Бо вуҷуди ин эътирозҳо, давлати Илҳом Алиев ҳамчунон ба хостаҳои мардуми мусалмони ҷумҳурии Озарбойҷон бетаваҷҷуҳ ва беэътино аст.

Дар ҳоле ки илова бар маҳофили дохилӣ, ҷомеаи байналмилалӣ низ ба рафторҳои номуносиби давлати Боку бо мухолифони ҳокимияти Боку дар зиндон муътариз ҳастанд. Ба унвони як намуна, дар ростои эътирозҳои байналмилалӣ, Созмони ҷаҳонии мубориза бо шиканҷа дар моҳи декабри соли 2017 –и мелодӣ бо судури баёнияе хостори таваққуфи шиканҷа алайҳи зиндониёни сиёсии ҷумҳурии Озарбойҷон, бавижа зиндониёни мавсум ба “Парвандаи Нордорон” шуд. Созмони ҷаҳонии мубориза бо шиканҷа аз созмонҳои байналмилалӣ хост, ба манзури поён додан ба вазъияти мавҷуд дар ҷумҳурии Озарбойҷон иқдом кунанд. Дар баёнияи ин созмон омадааст: “Зиндониёни “Парвандаи Нордорон”, ки теъдоди онҳо 788 нафар аст, дар зиндонҳои ҷумҳурии Озарбойҷон ба шиддат шиканҷа мешаванд. Ин созмони байналмилалӣ ҳамчунин хостори посухгӯии раисҷумҳурӣ, додситони кул, вузарои кишвар, додгустарӣ ва умури хориҷаи ҷумҳури Озарбойҷон дар ин замина шудаанд”.

Шиканҷаҳои рӯҳӣ ва ҷисмии зиндониёни мухолифи давлати Боку дар даврони ҳабс дар ҳоле сурат мегирад, ки дар рӯзи 26 -уми ноябри соли 2015 –и мелодӣ дар амалиёти вижаи нерӯҳои полис дар Нордорон, дар наздикии Боку, беш аз шаст тан, азҷумла Ҳоҷӣ Толеъ Боқирзода дастгир шуданд. Парвандаи иттиҳомии чанд тан аз онҳо ба таври ҷудогона барои расидагӣ ба додгоҳи минтақаи Собунчӣ вогузор шуд.

Ҳоҷӣ Толеъ Боқирзода бар асоси моддаҳои мухталифи қонуни ҷиноии ҷумҳурии Озарбойҷон ба иттиҳомҳои қатли амд, талош барои қатли амд, дар ихтиёр доштани ғайриқонунии силоҳи гарм, ҳамли ғайриқонунии силоҳи гарм ва дигар иттиҳомҳои мушобеҳ муҳокима ва ба 20 соли зиндон маҳкум шудааст. Ҳоҷӣ Толеъ Боқирзода ва дигар муттаҳамони мавсум ба “Парвандаи Нордорон” то кунун иттиҳомҳои худро напазируфтаанд. Бо вуҷуди гузаронидани даврони ҳабс бо иттиҳомҳои беасос, зиндонбонҳои ҷумҳурии Озарбойҷон ҳамчунон ба шиканҷа ва азияту озори зиндониён идома медиҳанд. Дар ин шароит, эътисоби ғизои зиндониёне назири Ҳоҷӣ Толеъ Боқирзода, ки аз рӯҳониюни барҷастаи ҷумҳурии Озарбойҷон маҳсуб мешавад, мумкин аст корсоз бошад.