Баста шудани ҳисоби Твиттер, натиҷаи интиқоди устоди мисрӣ аз Бин Салмон
(last modified 2019-01-29T15:57:23+00:00 )
Январ 29, 2019 20:57 Asia/Dushanbe
  • Баста шудани ҳисоби Твиттер, натиҷаи интиқоди устоди мисрӣ аз Бин Салмон

Устоди улуми сиёсии донишгоҳи Қоҳира гуфт, ба эҳтимоли зиёд далели баста шудани ҳисоби корбариаш дар Твиттер, интиқод аз валиаҳди Арабистони Саудӣ аст.

Ҳасани Нофиа, устоди улуми сиёсии донишгоҳи Қоҳира ба рӯзномаи Раъй Алюм гуфт: баид нест, ки интиқоди вай аз Муҳаммад бин Салмон, валиаҳди Арабистон дар паи қатли Ҷамол Хошуқҷӣ, иллати масдуд шудан ё таълиқи ҳисоби корбарии вай бошад.  

Вай афзуд, ки гумон мекунад, бархе тарафҳои сиёсӣ дар дохил ва хориҷ аз Миср аз суханони ҷасуронаи вай дар Твиттер ва афзоиши дунболкунандаҳои вай, ки ба панҷоҳ ҳазор нафар расидааст, нороҳатанд ва ин дар ҳолест, ки ҳисоби корбарии ӯ дар Твиттер камтар аз як сол аст фаъолият дорад.

Ин устоди мисрӣ бо ишора ба ин, ки Иморот ва Арабистони Саудӣ бахше аз саҳҳоми Твиттерро харидорӣ кардаанд, гуфт, авомили сиёсӣ муҷиби таълиқ ё масдуд шудани саҳифаи ӯ дар ин шабакаи иҷтимоӣ шудааст.

Ҷамол Хошуқҷӣ, рӯзноманигори мунтақиди Саудӣ дувуми октябри 2018 вориди консулгарии Арабистон дар Истанбули Туркия шуд, аммо нерӯҳои амниятии Саудӣ вайро ба шакли фаҷее ба қатл расонданд.