Январ 30, 2019 14:22 Asia/Dushanbe
  • Мувофиқати Мадуро бо баргузории интихоботи парлумонии зудҳангом

Раисҷумҳури Венесуэла бо баргузории интихоботи парлумонии зудҳангом дар ин кишвар мувофиқат кардааст.

Николас Мадуро, раисҷумҳури Венесуэла дар гуфтугӯ бо Спутник гуфт, баргузории интихоботи парлумонии зудҳангом бисёр хуб ва як шеваи мусбат аз гуфтугӯи сиёсӣ ва як роҳи ҳал аз тариқи раъйи мардумӣ аст.

Мадуро изҳор дошт, бо баргузории интихоботи зудҳангоми маҷмаи миллӣ мувофиқ аст ва аз он ҳимоят мекунад.

Хуан гуайдо, раҳбари мухолифони давлати Венесуэла худро раисҷумҳур хонда ва барканории Мадуроро хостор шудааст, аммо Мадуро бо мухолифат бо канорагирӣ аз қудрат ва баргузории интихоботи раёсати ҷумҳурӣ, фақат эълом карда, бо баргузории интихоботи парлумонии зудҳангом мувофиқ аст.

Дар ҳамин ҳол, Николас Мадуро таъкид кард, ки интихоботи ахири раёсати ҷумҳурии Венесуэла мутобиқ бо қонунҳо сурат гирифта ва баргузории даври ҷадиди интихоботи раёсати ҷумҳуриро рад кард.

Мадуро дар идомаи изҳороти худ гуфт, интихоботи раёсати ҷумҳурӣ камтар аз як сол қабл баргузор шуд ва ӯ бо касби 68 дарсади оро дар ин интихобот пирӯз шудааст ва ин интихобот машруъ ва қонунӣ буда, ки бо бакоргирии системаи интихоботи шаффоф ва ҳузури нозирони байналмилалӣ баргузор шудааст.

Николас Мадуро ба унвони раисҷумҳури қонунии Венесуэла ҳамчунин эълом кард, итминон дорад Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико ба давлати Колумбия ва мафия дастур дода, ки ӯро ба қатл бирасонанд ва агар барои ӯ иттифоқе биафтад, Трмап ва Иван Дукуе, раисҷумҳури Колумбия масъули он хоҳанд буд.

Мадуро дар айни ҳол бо таъкид бар ин ки мардуми Венесуэла ҳамеша аз вай муҳофизат мекунанд, ҳамчунин хотирнишон кард, ки таҳримҳои Амрико алайҳи ширкати нафти давлатии Венесуэла таҳдиде барои ҳамкориҳои Каракас ва Маскав нест.

 

Барчасп