Январ 30, 2019 20:58 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори Русия дар бораи мудохилаи низомии Амрико дар Венесуэла

Таҳаввулоти сиёсии ахир дар кишвари нафтхези Венесуэла ва тақобули фазояндаи мухолифон бо давлати чапгарои ин кишвар, вориди марҳалаи ҳассосе шудааст.

Хуан Гуайдо, раҳбари мухолифон чаҳоршанбеи гузашта бо ҳимояти ошкори Амрико ва муттаҳидонаш, худро раисҷумҳури Венесуэла хонд, иқдоме, ки давлат ва миллати Венесуэла онро кудато алайҳи Николас Мадуро, раисҷумҳури мунтахаби мардум баршумурданд.  

Акнун Амрико ва муттаҳидонаш бо ҳимоят аз Гуайдо ба дунболи барандозӣ дар Венесуэла ҳастанд.

Ба гуфтаи Мансури Муаззамӣ, коршиноси Амрикои Лотин: Амрико, муттаҳидони аврупоиаш ва бархе аз кишварҳои Амрикои Лотин бо эъломи ҳимоят аз фарде, ки худро раисҷумҳури муваққати Венесуэла номида, бидъати бисёр хатарнокеро гузоштанд, ки метавонад ба дигар кишварҳо ҳам сироят кунад.

Ин масъала вокуниши шадиди Русия ба унвони ҳомии Мадуро, раисҷумҳури Венесуэларо барангехтааст.

Дар ин росто Сергей Рябков, муовини вазири хориҷаи Русия аз кишварҳои ғарбӣ хост, ҳаргуна тарҳ, андеша ё фарзияе дар хусуси дахолати низомӣ дар Венесуэларо канор бигузоранд.

Мария Захарова, сухангуи Вазорати хориҷаи Русия дар саҳифаи шахсии Фейсбуки худ ба Амрико дар бораи ҳаргуна иқдоме, ки муҷиби бесуботӣ дар Амрикои Лотин ва бавижа Венесуэла мешавад, ҳушдор дод.

Захарова бо интиқод аз дахолати ошкор ва бемавриди Амрико дар умури дохилии Венесуэла, навишт: Амрикоиҳо тибқи риволи ҳамеша аз ҳаргуна вокуниши расмӣ ба ингуна маворид худдорӣ мекунанд.

Сергей Лавров, вазири хориҷаи Русия гуфт: Амрико дар иртибот бо Венесуэла қавонини байналмилалиро нақз кардааст.

Ба назар мерасад, Русия дар ростои муқобила бо сиёсатҳои зӯргуёна ва якҷонибагароёнаи Амрико ва низ таъмини манофеи роҳбурдии худ дар Венесуэла, дар садад аст, то иқдомоти зарурӣ барои ҳимоят аз Николас Мадуро, раисҷумҳури Венесуэларо анҷом диҳад.

 

Барчасп