Январ 31, 2019 09:45 Asia/Dushanbe
  • Баёнияи поёнии гирдиҳамоии уламои ҷаҳони ислом дар Сурия

Чаҳордаҳумин гирдиҳамоии уламои ҷаҳони ислом дар Сурия бо интишори баёнияи поёнӣ ба кори худ поён дод.

Дар баёнияи рӯзи чаҳоршанбеи чаҳордаҳумин гирдиҳамоии уламои ҷаҳони ислом дар Сурия таъкид шудааст, барои идомаи роҳи муқовимат ва пирӯзӣ ва ҳамчунин тақвияти ҳамбастагии созанда, лозим аст, ки донишмандон ва уламо барои ҳаросат аз мероси пирӯзӣ ва хуни шаҳидон истодагии воҳидеро ҳамроҳ бо қаҳрамонони майдони набард дошта бошанд.

Баёния таъкид дорад, пирӯзиҳои дурахшон дар Сурия бо раҳбарии ҳакимонаи Башор Асад ва артиш ва пуштибонии ҳампаймонони Сурия (ҷумҳурии исломии Эрон, Ҳизбуллоҳи Лубнон ва Русия) ба даст омадааст.

Дар баёнияи поёнӣ тасреҳ шудааст, мустакбирон, режими ишғолгари саҳюнист ва ҳампаймонони ғарбии онон ва ҳамчунин давлатҳои муртаҷаи арабӣ бо иқдомоти низомӣ ва фикрӣ нақши мухаррибе дар бораи ҳамзистӣ, эҳсоси амният ва рушди фикрӣ ифо кардаанд.

Ин баёния меофзояд, муқовимат тавонист биниши саҳеҳ ва корбурдӣ дар майдони амал ва ҷиҳодро ба шакли волое тақдим кунад, ки дар навъи худ ба унвони мисдоқе аз дифоъ аз ватан ба намоиш гузошта шуд.

 

Барчасп