Интиқоди хатиби намози ҷумъаи Кобул аз бадаҳдии Амрико
(last modified Sat, 02 Feb 2019 11:40:09 GMT )
Феврал 02, 2019 16:40 Asia/Dushanbe
  • Интиқоди хатиби намози ҷумъаи Кобул аз бадаҳдии Амрико

Хатиби намози ҷумъаи Кобул аз паймони амниятии Амрико ва давлати Афғонистон интиқод кард ва гуфт, бо вуҷуди ин паймон, дар чаҳор соли гузашта 45 ҳазор нафар аз нерӯҳои амниятии Афғонистон кушта шудаанд.

Аёз Ниёзӣ бо ишора ба қатли оми ҳамарӯзаи мардуми Афғонистон афзуд, дар чаҳор соли гузашта танҳо 70 нафар аз нерӯҳои низомии хориҷӣ дар Афғонистон кушта шудаанд ва хориҷиҳо танҳо назорагари кушта шудани мардуми Афғонистон ҳастанд.

Ниёзӣ гуфт, ҳузури амрикоиҳо барои таъмини манофеи худашон аст.  

Вай бо таъкид бар зарурати хуруҷи низомиёни амрикоӣ аз Афғонистон тасреҳ кард, барқарории сулҳ дар Афғонистон хостаи тамоми мардуми ин кишвар аст, аммо аз тариқи Амрико сулҳ ба даст нахоҳад омад.  

Паймони амниятии байни Кобул-Вашингтон соли 2014 бо вуҷуди мухолифати мардуми Афғонистон имзо шуд.

Тибқи банди дувуми ин тавофуқнома, Амрико муваззаф ба омӯзиш, таҷҳиз, ҳимоят ва тақвияти пойдори нерӯҳои дифоӣ ва амниятии Афғонистон аст.

Эҷоду иртиқои системаи логистикии нерӯҳои амниятии Афғонистон, густариши зарфиятҳои иттилоотӣ, тақвияти тавоноии нерӯҳои ҳавоӣ ва роҳандозии тамриноти муштараки низомӣ аз дигар тааҳҳудоти Амрико дар ин тавофуқ аст.  

Закияи Сангин, намояндаи пешини вилояти Парван дар Маҷлиси намояндагони Афғонистон ва таҳлилгари масоили ин кишвар ба хабаргузории Спутник мегӯяд:

"Маҷлиси намояндагони Афғонистон ба умеди сулҳ ва кумак ба нерӯҳои амниятӣ, тавофуқномаи амниятиро тасвиб кард, аммо Амрико ба тааҳҳудоти худ амал накард ва ба ҷои инки вазъияти амниятӣ беҳтар шавад, баръакс бадтар шуд ва ҳар рӯз мардуми Афғонистон қурбонӣ мешаванд. Токунун намояндаҳои маҷлис чанд бор бознигарӣ дар ин тавофуқро хостор шудаанд, аммо возеҳ аст, ки оҳу нолаи мардуми Афғонистон ва садои маҷлиси намояндагон шунида намешавад".

Ҳамин шароит боис шудааст, то ҳудуди 18 сол пас аз лашкаркашии Амрико ба Афғонистон, хуруҷи низомиёни амрикоӣ ба хости аслӣ ва авлавияти мардум ва давлати Афғонистон табдил шавад.