Феврал 02, 2019 18:13 Asia/Dushanbe
  • Наврӯз дар тақвими Ванкувери Канада қарор гирифт

Шӯрои шаҳри Ванкувери Канада, Наврӯзро дар тақвими расмии худ қарор дод, то мероси маънавии эрониён ва дигари муҳоҷироне, ки нахустин рӯзи баҳорро ҷашн мегиранд, ба расмият шинохта шавад.

Ба гузориши ИРНА, дар мусаввабаи шӯрои шаҳри Ванкувери Канада ишора шудааст, ки Наврӯзро садҳо миллион нафар аз беш аз 15 кишвари ҷаҳон ҷашн мегиранд ва Созмони омӯзишӣ, илмӣ ва фарҳангии Милали Муттаҳид (ЮНЕСКО) низ онро ба унвони мероси номалмуси маънавии башарӣ ба сабт расондааст.

Аз ин пас, рӯзи 20 март, шаҳри Ванкувери Канада бо мушорикати шаҳрдор ва шӯрои шаҳр дар ихтиёри ҷомеаи эрониён қарор мегирад, то маросими ҷашни худро баргузор кунанд.

Мусаввабаи 2009 Маҷлиси Канада низ Наврӯзро ба тақвими миллии ин кишвар афзудааст.

Дар ин мусавваба, Наврӯз ва оғози соли ҷадиди форсӣ, як таътилии муттасил ба фарҳангҳои мутанаввеъ ва бо собиқаи табиӣ дониста шуда ва бо таваҷҷуҳ ба инки форсӣ ҷузъи 10 забони ғайрирасмии ин шаҳр аст, Наврӯз ҷузъи ҷашнҳои расмӣ шинохта мешавад.