Феврал 02, 2019 18:43 Asia/Dushanbe
  • Иҷрои муштараки Шаҳроми Нозирӣ ва Давлатманд Холов дар Англия

Шаҳроми Нозирӣ, хонандаи номдори эронӣ ба ҳамроҳи Давлатманд Холов, мусиқидони аҳли Тоҷикистон, 24 феврал дар Лондон рӯйи саҳна мераванд то бо иҷрои муштараки таснифҳо ва таронаҳои форсӣ, шеър ва мусиқии форсизабононро ба ҷаҳониён муаррифӣ кунанд.

Ба гузориши ИРНА, ин иҷро ба муносибати оғоз бакори тарҳи ҷаҳонии «Забони ишқ» ва рӯзи ҷаҳонии забони модарӣ дар толори Барбикани Лондон баргузор хоҳад шуд ва билетфурӯшии ин консерт низ аз тариқ сайти “Barbican.org.uk” оғоз шудааст.

Тарҳи пажӯҳишии «Забони ишқ» бо ҳадафи муаррифии ҷойгоҳи бебадили шеъру адаби форсӣ дар огоҳсозӣ, баён ва интиқоли мафоҳими баланди ишқ, сулҳ ва вифоқ (иттиҳод)-и иҷтимоӣ ба анҷом мерасад.

Ин тарҳ аз дидгоҳи мутафовит ва муттакӣ бар конвенсяи ҳифозат аз мероси фарҳангии номалмуси ЮНЕСКО (2003), ба муаррифии 30 нафар аз машоҳир ва мафохири порсисро дар ҳазораи аввали шеъри порсӣ аз Боязиди Бастомӣ то Бедили Деҳлавӣ ва дар густараи ҷуғрофиёии 11 кишвари осиёӣ аз Сурия то Ҳинд мепардозад ва нақши барҷастаи онҳоро дар ҳифзи ҳувияти фарҳанги порсӣ забонон намоён мекунад.

Дар канори ин кори пажӯҳишии густурда, нишастҳои илмӣ ва адабӣ ва иҷроҳои ҳунарӣ низ дар назар гирифта шудааст, ки дар поён ба тавлиди асари савтӣ, тасвирӣ ва таълифи китобе бо мавзӯи нақши шеъри порсӣ хоҳад анҷомид.

Ин тарҳ бо ҳамкории чандин муассиса ва маркази илмӣ ва донишгоҳии эронӣ ва ғайриэронӣ, аз ҷумла Донишгоҳи Оксфорд ва Донишгоҳи Кембриҷ ва Маркази мероси номалмуси ЮНЕСКО дар ҳоли иҷро аст.

Иҷрои муштараки устод Шаҳроми Нозирӣ ва устод Давлатманд Холов намунае аз бахши мусиқии ин тарҳ аст, ки дар кишварҳои дигар ҳам анҷом хоҳад шуд.

 

Барчасп