Феврал 03, 2019 15:24 Asia/Dushanbe
  • Эрон, Ҳинд ва Чин дар Паймони манъи мушакҳои ҳастаии миёнбурд

Як мақоми аршади Русия гуфт: Ҳинд, Эрон ва Чин аъзои ҷадиди Паймони манъи мушакҳои ҳастаии миёнбурд хоҳанд буд.

Ба гузориши ИРНА, Владимир Шаманов раиси кумитаи дифоъи Думаи Русия гуфт: Паймони ҷадиди манъи мушакҳои ҳастаии миёнбурд чандҷониба хоҳад буд ва бо мушорикати кишварҳое, ки баъд аз соли 1988 тавонмандии дастрасӣ ба фанноварии мушакиро доштаанд, ташкил хоҳад шуд.

Владимир Шаманов бо ишора ба хуруҷи Амрико аз Паймони ҳастаии миёнбурд бо Маскав гуфт: Русия ба дунболи Паймони манъи мушакҳои ҳастаии миёнбурд бо дигар кишварҳо аз ҷумла Чин, Кореяи Шимолӣ, Эрон, Покистон ва Ҳинд аст.

Вазири хориҷаи Амрико рӯзи ҷумъа зимни таълиқи муоҳидаи манъи мушакҳои ҳастаии миёнбурд аз сӯи кишвараш эълом кард, агар Русия нақзи мафоди ин муоҳидаро мутаваққиф накунад, Вашингтон дар шаш моҳи оянда аз ин муоҳида хориҷ мешавад.

Трамп пеш аз ин гуфта буд, яке аз далелҳои Амрико барои ин кор дастрасии Русия ба насли тозаи мушакҳои кӯтоҳбурд ва миёнбурд буд, ки тавони ҳамлаҳои ҳастаии сареъ ба кишварҳои узви НАТО-ро ба Русия медод.

Далели дигари Амрико барои хуруҷ аз паймон, муқобила бо густариши ҳузури низомии Чин дар шарқи Осиё буд, зеро Чин, паймоне монанди Паймони манъи корбурди мушакҳои миёнбурдро имзо накардааст ва метавонад бидуни маҳдудият ба сохт ва густариши мушакҳои миёнбурди худ бипардозад.

 

Барчасп