Феврал 04, 2019 10:41 Asia/Dushanbe
  • Роҳандозии донишгоҳи қалбакӣ дар Амрико бо ҳадафи боздошти муҳоҷирони ғайриқонунӣ

Вазорати амнияти дохилии Амрико, бо ҳадафи боздошти муҳоҷирони ғайриқонунӣ донишгоҳи қалбакӣ таъсис ва роҳандозӣ кард.  

Ба гузориши Би Би Си, Вазорати амнияти дохилии Амрико донишгоҳи қалбакӣ дар иёлоти Мичиганро бо ҳадафи боздошти муҳоҷирони ғайриқонунӣ роҳандозӣ кардааст.

Пас аз онки 126 донишҷӯи ҳиндӣ ба иттиҳоми сабти ном дар як донишгоҳи қалбакии амрикоӣ боздошт шуданд, давлати Ҳинд маротиби эътирози дипломатии худро ба мақомоти Вашингтон эълом кард.  

Ба дунболи ин масъала мушаххас шуд, донишгоҳи қалбакӣ Фармингтонро, ки таблиғ мешуд, мақарри он дар иёлоти Мичиган аст, маъмурони махфии Вазорати амнияти дохилии Амрико роҳандозӣ кардаанд.  

Ҳадаф аз таъсиси ин донишгоҳи қалбакӣ, кашфи тақаллуб дар муҳоҷират ва боздошти афроде буд, ки мехостанд, бо пардохти ғайриқонунӣ барои мондан ва ахзи иқомат дар Амрико иқдом кунанд.