Тимсоҳҳо дар хиёбонҳои Австралия
(last modified Mon, 04 Feb 2019 13:18:05 GMT )
Феврал 04, 2019 18:18 Asia/Dushanbe
  • Тимсоҳҳо дар хиёбонҳои Австралия

Дар пайи боришҳои селосои бесобиқа дар манотиқи ҷанубушарқи Австралия, тимсоҳҳо дар хиёбонҳое, ки зери об рафтаанд, сар аз об берун задаанд.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симои Эрон, дар пайи боришҳои селосои бесобиқа дар манотиқи ҷанубу шарқи Австралия, ки ҳар садсол як бор иттифоқ меафтад, мардум шоҳиди ҳаракати тимсоҳҳо дар хиёбонҳои ҳастанд, ки зери об рафтаанд.

Рӯзи душанбе дар ҳоле, ки борони шадид дар иёлати Квинсленд ҳамчунон идома дошт, низомиёни артиши Австралия бо истифода аз худравҳои обӣ-хокӣ талош карданд ба кумаки он даста аз шаҳрвандоне башитобанд, ки барои наҷоти ҷони худ рӯйи пуштибоми хонаҳои худ рафтаанд. Манотиқи гармсери ҷазираи Австралия дар ин фасл ба боронҳои мавсимӣ одат дорад, аммо борандагиҳои шадиди рӯзҳои ахир дар ин манотиқ, бавижаи шаҳри соҳилии Таунсвилл ба маротиб сангинтар аз ҳолати маъмул будааст.

Image Caption

Шиддати борандагӣ ва селобҳо дар ин манотиқ ба ҳадде аст, ки мақомоти маҳаллии Австралия рӯзи якшанбе аз тарси шикаста шудан ё саррез шудани бархе садҳо маҷбӯр шуданд, онҳоро боз кунанд. Ин кор ҷараёни шадиди обро дар бархе манотиқ ба роҳ андохт.

Image Caption

Масъулони идораи ҳавошиносии  Австралия эълом кардаанд, агар борандгиҳо ҳамчунон идома дошта бошад бими он меравад, ки наздик ба 20 ҳазор хонаи маскунӣ дар минтақа зери об биравад. Коршиносони ҳавошиносӣ мегӯянд, сомонае аз боронҳои мавсимии сангин осмони минтақаи Квинслендро фаро гирифтааст ва пешбинӣ мешавад дар бархе манотиқи ин иёлат, зарфи чанд рӯз ба андозаи беш аз як сол борон биборад.

Ин минтақа ба таври мутавассит ҳар сол шоҳиди ҳудуди ду ҳазор миллиметр борон дар сол аст.