Феврал 04, 2019 18:38 Asia/Dushanbe
  • Нигаронии мардуми Афғонистон аз шабаҳи бозгашти Толибон

Бисёре аз мардуми Афғонистон мӯътақиданд, дар сурати сулҳ бо Толибон ва бозгашти онон бисёре аз озодиҳои мардуми ин кишвар дубора маҳдуд хоҳад шуд.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симои Эрон, дар ҳоле, ки бархе афғонҳо ба воситаи музокироти Амрико ва Толибон барои поён додан ба ҷанг дар ин кишвар ибрози ризоят мекунанд, бисёре бар ин боваранд дастёбӣ ба тавофуқ бо Толибон метавонад сабаби маҳдуд шудани ҳуқуқи занон шавад.

Мино Ризоӣ соҳиби як кафешоп дар Кобул, пойтахти Афғонистон гуфтааст: Фикр мекунам озодӣ пас аз ҳукумати Толибон барои занон як дастоварди бузург маҳсуб мешавад ва бо бозгашти онҳо мо як гоми бузург, рӯ ба ақиб бар медорем ва ин мавзӯъ баҳои зиёде барои мо дорад.

Шумори зиёде аз занони афғон аз тавофуқномаи сулҳ байни Амрико ва Толибон нигарон ҳастанд, зеро намехоҳанд ба давроне бозгарданд, ки ҳуқуқашон маҳдуд буд.

Наҷво Оламӣ, рӯзноманигор мегӯяд: Сулҳеро нахоҳам пазируфт, ки аз ман мехоҳад ба хона боз гардам ва хонанишин шавам. Садои худро баланд мекунам ва омодаи пазириши сулҳе нестам, ки ба баҳои озодии ман тамом мешавад ва маро дар қафас қарор медиҳад.

Ҳудуди ду даҳа аст, ки Толибон дар Афғонистон аз қудрат канор рафтааст ва ҳамакнун аз миёни ҳудуди ҳашт миллион донишомӯз дар Афғонистон, беш аз 2,5 миллионнафарро духтарон ташкил медиҳанд.

Дар соли 2004 занон тавонистанд барои нахустин бор пас аз чанд даҳа раъй диҳанд. Беш аз як чаҳоруми курсиҳои парлумон дар Афғонистон дар ихтиёри занон аст ва онҳо як панҷуми нируи корро дар ин кишвар ташкил медиҳанд, аммо фаъолони ҳуқуқи занон мегӯянд, ҳамаи ин пешрафтҳо дар натиҷаи музокироти сулҳ бо Толибон дар маърази хатар қарор гирифтааст.

Толибон эълом кардааст, рӯйкардҳои худро дар қиболи ҳуқуқи занон миёнаравтар кардааст, аммо дар музокироти сулҳ ҳеҷ зане мушорикат надорад ва бисёре мегӯянд, занон бояд чизҳои зиёдеро аз даст бидиҳанд, то сабаб шаванд, Толибон бар сари ҳарфи худ боқи бимонад.

Барчасп